|
2) Имон ба Фариштагон
Фариштагон махлуқи Худоянд , ки аз нур офаида шудаанд.
Аз дидагони мо пинҳонанд. На мард ҳастанд ва на зан.
Нофармонии Худо ва гуноҳ намекунанд. Ба корҳое, ки Худо
онҳоро муқаррар карда маъмур ва машғуланд.
Пурсиш :
Теъдоди Фариштагон чӣқадар аст?
Посух :
Теъдоди Фариштагонро ба ҷуз Худованд дигар касе
намедонад. Албатта инқадар маълум аст, ки бисёр ҳастанд
ва аз миёни онон чаҳор фаришта муқарраб ва маъруфанд.
Пурсиш :
Чаҳор фариштаи машҳур кадомҳо ҳастанд?
Посух :
Аввал : Ҳазрати Ҷабраил, ки пёмҳо ва дастурот ва
китобҳои Илоҳиро ба Паёмбарон меоварад.
Дуввум : Ҳазрати Исрофил , ки ҳангоми Қиёмат дар сур
медамад.
Саввум : Ҳазрати Микоил , ки ба амри борон ва рӯзӣ
расонидан ба махлуқот муқаррар аст.
Чаҳорум : Ҳазрати Азроил (Малакулмавт), ки бар гирифтани
ҷони бандагон муқаррар аст.
Ба ҳар инсоне ду фаришта ба унвони маъмур муқараранд :
Ки яке аъмоли нек ва хуби одамиро сабт карда ва
менависад. Дигаре аъмоли бади ӯро ёддошт мекунад. Ва он
ду фариштаро “кироман котибин” (нависандагони гиромӣ ва
некӯ) меноманд.
Баъзе аз фариштагон маъмури бозпурси одамӣ пас аз марги
вай дар қабр ҳастанд. Ва дар қабри ҳар одаме ду фаришта
барои боз пурсӣ ҳозир мешванд, ононро “ Мункар ва Накир”
меноманд.
Баъзе аз фариштагон масъули сайру саёҳат дар замин
ҳастанд, то бидонанд чикасоне машғули ёди Худо, ва ваъз
ва насиҳат, тиловати Куроьн ва фиристодани саловот ба
Паёмбар ҳастанд, ва дар куҷо таълими дини бар қарор
аст то дар он ҷаласот ширкат варзанд, ва барои ширкат
кунандагон дар пешгоҳи Худованд гувоҳӣ диҳанд.
Баъзе фариштагон дарбони биҳишт ва маъмури анҷоми
корҳои онҷо ҳастанд.
Баъзе фариштагон нигаҳбони дузах ва маъмури анҷоми
корҳои марбут ба он мебошанд.
Баъзе фариштагон ҳамвора машғули тасбеҳ ва ъибодати
Худованди мутаъоланд. |