|
Пурсиш:
Ба чанд чиз имон
овардан лозимаст?
Посух:
Ба
ҳафт
чиз. Ки баёни онҳо
ба шарҳи
зеринаст.
1)
Имон ба Аллоҳ
Пурсиш:
Мусалмонҳо нисбт ба Худованд чи ақидае бояд дошта
бошанд?
Посух:
Бояд чунин ақида
дошта бошанд, ки
1-
Худованд ягона аст.
2-
фақат
У шоистаи бандаги ва ибодат аст… ва ба
ҷуз
У
касе дигар лоиқи
ибодат нест.
3-
Барои У
ҳеҷ
шарик ва
ҳамтое
нест.
4-
У
ҳар
суханро медонад.
Ҳеҷ
чизе бар вай пушида нест.
5-
У тавоно ва бо
қувват
аст.
6-
У
Замин,
Осмон,
Офтоб,
Моҳтоб,
Фариштагон, ситорагон
Ҷин
ва
Инс
ва тамоми
ҷаҳонро
офарида аст. Фақат
У молики
ҷаҳон
аст.
7-
У мемиронад ва зинда мегердонад.
Яъне миронидан ва зинда гардонидани махлуқот
тибқи
дастури У анҷом
меёбад.
8-
У тамоми махлуқотро
ризк ва рузи медиҳад.
9-
У на чизе мехурад ва на менушад
ва на мехобад.
10-
У ба худи худ хамеша буд ва хамеша мебошад.
11-Касе
уро наофарида аст.
12-Барои
У на падаре ҳаст ва на зан ва фарзанде, У аз тамоми ин
умур пок ва мубарро аст.
13-Ҳама ниёзманд ва мӯҳтоҷи У ҳастанд ва У ба касе
ва ё ба чизе мӯҳтоҷ нест.
14-У бемонанд аст ҳеҷ чизе монанд ва мушобиҳи У
нест.
15-Ӯ аз тамоми айбҳо ва ноқисиҳо пок аст.
16- Ӯ фариштагонро офарида ва бар назм ва тадбири
умури дунё гуморидааст.
17-Ӯ барои ҳидоят ва раҳнамоии махлуқоташ,
Пайғомбаронро фиристода аст, то дин ва мазҳаби ҳақро
ба онҳо нишон диҳанд ва аз суханон ва амали зишт дур
кунанд ва сухан ва амали хуб ба онҳо биомӯзанд.
Пурсиш:
Касоне, ки Худоро қабулнадоранд онҳоро чимегуянд?
Посух:
Ба онҳо кофир мегӯянд.
Пурсиш:
Касоне, ки ба ҷуз Худованд дигар чизҳоеро мепарастанд,
банҳо чӣ мегуянд?
Посух:
Ба онҳо “кофир”ва“мушрик”мегуянд.
Пурсиш:Касоне,
ки муътақид ба ду ва ё се Худо ҳастанд онҳоро чӣмегуянд?
Посух:
Ононро низ “мушрик” ва “кофир” мегуянд. |