|
Пурсиш:
Ту кисти?
Посух:
Ман мусалмонам.
Пурсиш:
Номи мазҳаби
мусалмонҳо
чист?
Посух:
Ислом.
Пурсиш:
Ислом ба мо чи меомузад?
Посух:
Ислом инро меомузад, ки: «الله»
ягона аст ва фақат
У шоиста ва сазовори бандагӣ
аст;
Муҳаммад
(Алайҳиссалом)
бандаи Худо ва фиристодаи Уст;
Қурьони
Маҷид
китоб ва
қонуни
Илиҳӣ
аст; Ислом дини барҳақ
ва рост аст; Ислом тамоми
хубиҳои
дин ва дунёро ба мо меомузад.
Пурсиш:
Килимаи Ислом чист ва чи маъно дорад?
Посух:
لا إله إلاَ الله محمَد رسول اللَه
Турҷума: ҳаҷ маъбуде ба ҷуз
Худованд лоиқи ибодат нест, Муҳаммад фиристодаи Уст.
Пурсиш:
Калимаи шаҳодат
кадом аст ва чи
мафҳуме
дорад?
Посух:
أَشهَدُ أَن لآ إِلَهَ
إِلا الله
وَ أَشهَدُ أن مُحَمداَ عَبدُه وَ رَسُولُهُ
Тарҷума: Гувоҳи медиҳам ин, ки
баҷуз «الله»
каси дигар шоистаи ибодат нест, ва гувоҳи медиҳам, ки
Ҳазрити Муҳаммад бандаи Худо ва расули уст.
Пурсиш:
Оё бидуни фаҳмидани маъно ва мафҳуми калимаи шаҳодат
фақат
аз хондани он бо забон, одам мусалмон мешавад?
Посух:
На.
Балки мафҳумашро
фаҳмидан
ва бо дил яқин
ва забон иқрор
кардан лозим аст.
Пурсиш:
Бодил яқин
ва бо забон иқрор
карданро чи мегуянд?
Посух:
Имон овардан мегуянд.
Пурсиш:
Касе, ки гунгаст ва наметавонад бо забон иқрор
кунад, чигуна имон овар данаш маълум мешавад?
Посух:
Дар мавриди гунг хаминқадар
кофист, ки
бо ишора ягонагии Худованд ва паёмбории
Ҳазрати
Муҳаммад
(алайҳиссалом)-ро
иълом дорад.
Пурсиш:
Имони муфссал кадомаст?
Посух:
أَمَنتُ
بِاِلله وَمَلآئِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِه
وَاليَومِ الآخِرِ وَالقدرِ خَيرِهِ وَشَرِّهِ
مِنَ اِلله تَعَالي وَالبَعثِ بَعدَالمَوتِ.
Тарчума:
Ба
Худо ва фарштагон
ва китобҳои
осмони ва паёмбарон ва
ба
рузи
қиёмат
имон овардам.
Низ ба он чи дар тақдир
аз хубиҳо
ва бадиҳо
навишта шудааст ва ба зиндагии пас аз марг имон
овардам.
|